top of page
Search

ПАР

  • Writer: Firdavs Azam
    Firdavs Azam
  • Dec 24, 2022
  • 4 min read


Омӯзгори адабиёт вориди синф шуду бе он, ки рӯ сӯи мо гардонад, бо овози хушк “Салом баччаҳо!” гуфт. Ва ҳамон тур дафтару китобҳояшро рӯи мизи худ гузошта, якрост назди тахтаи нависоӣ омаду бурро бардошт ва бо хати зебои сриликӣ навишт: “Кӣ шудан мехоҳам?”

Суолро, ки хондам, якбора гапи бибиям ёдам омад. Ҳар бор, ки барои шӯхиву худсариҳоям сарзанишам мекард, мегуфт; ту кай одам мешавӣ?!  Ба ёд овардани хашму пурсиши бибиям, лабонамро бо кафи даст пинҳон кардаву ба ҳам духтам, ки асари хандаи беихтиёр падидомадаро аз чашми омӯзгор пинҳон намоям. Ваҷоҳатеро бо ин ҳол ба худ гирифтан мехостам, ки гӯё даҳонфожаи худро мехоҳам фурӯ нишонам ё ҳатто дандондард бошам... Омӯзгори фанни "Нақшакашӣ" бо далеле ба мактаб наомада буд, ва он рӯз ба ҷои он дарс, пушти ҳам ду соат дарси адабиётро бароямон эълом карданд. Устоди адабиётамон пешопеш гуфта буд, ки он ду соати пушти ҳамро иншо дар мавзуъи озод хоҳем навишт.  Омӯзгор номи мавзуъро бо бур дар тахтаи нависоӣ навишту ба ҷои худ нишаст. Барои он, ки вақти мо дар иншои мавзуъи фармудааш кофӣ бошад, он рӯз дар дафтари бузурги синфӣ, ки омӯзгорони ҳар синфе онро бо худ мегардонанд, ҳозиру ғоиби моро накард. Сарҳои бештари ҳамсабақонам рӯи авроқи холӣ барои навиштани иншо хам шуд. Баъзеҳо сарҳоро бардошта, андешмандона ба сақфи сафеди синфхона нигоҳ мекарданд, бархе бо дандон лаб мехориданд, баъзе пушти худнависро мехоиданд. Фирӯз чун ҳамеша одат дошт аз ҳампаҳлӯяш рӯбардор кунад. Ман як гӯшаи хаёлам ба иншо ва гӯшаи дигари зеҳнам ба ин суол посух меҷуст, ки охир дарси ҳисобу забонро мешавад аз ҳампаҳлуи худ рӯбардор кард, вале орзуву касби оянда ҳам магар мешавад яке бошад?   Ба берун, пушти тирезаи калони шишаӣ, чашм духта будам. Рӯи нардаи тиреза мусичае зери болашро бо нули худ мекофт. Бо ин ҳол, андешаҳоямро ҷамъ кардаму шуруъ кардам ба иншои орзуи худ. Барои баёни “кӣ шудан мехоҳам”-и худ, пушту рӯи се варақи сафедро сиёҳ кардам... Бори дигар аз ибтидо то ба охир навиштаи худро хондаму пеши худ ба тарзи эҷоду бузургии орзуи худ қаноат ҳосил карда, хотирҷамъ нигоҳе саросарӣ ба ҳамсинфонам, ки бархе кори худро тамом кардаву бархе ҳамоно машғули нигориш буданд, духтам ва онгоҳ боз ба беруни тиреза нигаристам. Мусича ҳанӯз онҷо буд. Ё рафта буду ин дигар омада нишаста буд? – намедонам. Мусичаҳои хокистаргуни диёри моро аз ҳам фарқ кардан, ба назарам мушкил аст. Мисле, ки аз ҳам ҳеч фарқе надоранд. Муаллим, ки дар даст навдаи хушки дарозе (ки гоҳе онро адабчӯб меномид) барои гоҳо кӯтак задани мо дошт, рӯи роҳрави миёни курсиҳо қадам мезад. Ҳамзамон бо қадамзанӣ ва зери чашм дида духтан ба тарзи вазифаро анҷомдиҳии ҳар хонанда, иншоҳои касонеро, ки навишта тамом карда буданд, ҷамъ мекард ва ба онҳо назаре иҷмолӣ меандохт.  Ҳамин тур иншои ҳамаро ҷамъ овард ва ба хондани онҳо пардохт. Ҳар навиштаро, ки мехонд, ба муаллифи он як нигоҳ мекарду бо овардани як калима пешаи ояндаи ӯро овоз медод: деҳқон,.. варзишкор,.. сартарош,.. ошпаз.... Ин тур буд, ки мо бо орзу ва интихобҳои ояндаи ҳамсинфонам ошно шудем. Пешаи интихобкардаи Бобомурод ба хусус ҷолиб буд: заҳбуртозакунак!  Хандаи мо – хонандагон, - омӯзгорро ҳам, ки худро сипоҳ нигоҳ медошт, ба ханда овард. Муаллим бо дасташ адои мошини заминканро дармеоварду бачаҳо ҳам бо тақлид аз ӯ шурӯъ карданд ба намоиши панҷаҳояшон ба сурати кафши мошини эксквотур. Муддате бо хандаву хушҳолӣ гузашт ва онгоҳ омӯзгор боз симои худро ба ҳолати ҷиддият оварду чашм ба давоми иншоҳо духт. Онгоҳ дар ҳоле, ки бо худнавис гӯшашро мекофт, номи маро гирифт. Бо ин умед, ки баҳои аз ҳама хубро ман гирифта бошам ва бо ин эҳсос, ки ҳоло муаллим ташвиқу ситоишам мекунад, бо даҳони инҷу чашмҳои шод саросема аз ҷоям хестам.  Абрӯи чапи муаллим он қадр боло рафта буд, ки мепиндоштӣ ҳоло канда мешавад. Мушакчаҳои сураташ меҷунбиданд. - Ончи навиштаӣ воқеӣ нест. Хонанда бояд дақиқ бинвисад, ки пас аз хатми дабиристон ба куҷо мераваду чӣ мешавад. Ту чӣ навистӣ...?! Аз ту агар шофёр ҳам барояд, шукр кун. Ҳис кардам як сатил оби сард рӯи сарам рехтаанд. Пойҳоям суст шуданд. Туфам ба зур аз гулӯям пойин мерафт. Махсусан он тиккаи ҷумлаи охираш диламро сӯрох кард. Ба ҳамсинфонам нигоҳ кардам. Чашми ҳама сӯи ман буд. Муаллим дар ҳоле, ки варақҳоро ҷобаҷо мекард, бинияшро боло кашиду идома дод: - Иншоят бад нест. Хатои имлоӣ кам дорад. Аммо одам бояд ба андозаи гилемаш по дароз кунад. Орзуят, чунон баланд аст, ки гумон аст дасти худат ба он бирасад! Беҳтар буд аз пешае менавиштӣ, ки ба ҳақиқат ва тавоноият наздиктар аст... Инҳоро гуфту ба мурури боқимондаи варақҳо машғул шуд. Сардори синф даст бардошту аз муаллим кунҷковона пурсид, ки ман чӣ навиштаам. Муаллим, ки ҳамчунон абрӯяшро боло кашида буд, фақат як калима, он ҳам бо истеҳзо гуфт: "кайҳоннавард". Ва мунтазир монд бачаҳо чӣ вокунише нишон медиҳанд.  Онҳое, ки маънии калимаро фаҳмиданд, даҳонашонро мисли тимсоҳ кушода қоҳ - қоҳ хандиданд. Фақат Бобомурод намехандид. Маҳзунона ба сӯям менигарист. Гӯӣ ману ӯ ҳамтақдир будем: ӯро аз фарти содалавҳӣ маро аз... нафаҳмидам чаро бояд ба ман механдиданд. Садои қоҳ - қоҳи бачаҳо бо занги поёни дарс даромехт ... Муаллим дафтару варақҳоро ҷамъ карду берун шуд. Навбатдор - Далер ҳамсинфи кӯтоҳқадам хез мезаду мехост унвони иншоро дар тахта пок кунад, ки қадаш намерасид. Гачи болои тахта ба замин афтоду онро бо пояш зер гирифт, ки ба муште орди сафед табдил шуд.   Ман ба пушти тиреза нигоҳ мекардам. Аз мусича ба ҷуз як пар нишоне набуд. Болу пари ман ҳам ҳамон ҷо, дар синфхона ҳамроҳи орзуи бачагӣ рехт ва мисли гачи зери пои Далер хоку хокистар шуд ... Фирдавси Аъзам 02.01.2021

 
 
 

Recent Posts

See All

Comments


Post: Blog2_Post
  • Instagram
  • Twitter

©2022 by БОДКУНАК.

bottom of page