ЯК ДАРИЧА
- Firdavs Azam
- Dec 27, 2022
- 6 min read
Ҳарчи қадар ҳадафи инсон бузург бошад, монеаҳо низ ҳамон қадар бузург мешаванд. Ин сахтиҳоро ба нишони бузургии ҳадафам мешуморам... Ҳиҷ вақт намехостам чунин чизе бароят бинависам. Ҳиҷ вақт! Инро бовар кун!
Ин ҷо, дар ин зулматсарои танг бо одамҳое, ки мисли ҷасади берӯҳ рафтор мекунанд, будан осон нест. Гӯйӣ Виктор Ҳугу дар китоби "Маҳкуми бегуноҳ" ҳамин маконро ба тасвир кашида, ҳамин ҳуҷраи зиндагикуш. Ҷое, ки бо дунёи берун бамаротиб фарқ дорад. Гоҳе вақтҳо эҳсос мекунам дар ин сарои сарду тира, ки рӯшноияш чароғи камнури чашмҳо ва гармояш оҳи сарди сокинони он аст, номаръӣ ҳастам. Касе маро намебинад, касе маро намешунавад. Аммо ман ҳамаро мебинам ва мешунавам. Чеҳраҳои пур аз хашму кина, ки чину чурукҳои амиқ шаклашон додааст, садоҳои омехта аз фуҳш, ки инҷо наметавонам бароят бинависам. Замин бо симони сарду хокистарӣ пӯшида шудааст ва бо вуҷуди ду ҷуфт ҷӯробе, ки доим ба поям ҳаст, эҳсос мекунам пойҳоям ях кардаанд. Инҷо ҳар рӯз ҳазор бор мемираму ба ёдат дубора зинда мешавам. 21 рӯз аст, ки даруни ин торикхона мехобаму бедор мешавам. Намешавад гуфт, ки зиндагӣ мекунам. Дар ин махрубае, ки тирезае ба андозаи сурати ман дорад ва тӯлу арзаш бисёр хурд аст, 8 нафар рӯзҳоямонро мегузаронем. Гоҳе аз пушти тирезаи кучак берунро тамошо мекунам. Ва муддати зиёд хира мешавам ба осмон. Дидани осмон рӯъёе шуда, ки даст ёфтан ба он дур аст. Дари бузурги сиёҳи оҳанин, ки монеаи озодии мост, ҳамеша бастааст. Миёнаш сӯрохи гирде ба андозаи тугмаи пероҳани сиёҳи танам аст, ки гоҳе нигаҳбонон, он тараф лабҳояшонро рӯи он мегузоранд ва яке аз моро бо садои баланд садо мезананд. Як гӯшаи ҳуҷра ҷое ҳаст, ки дар онҷо ҳам ҳаммом мекунем ва ҳам дастшӯӣ. Ва як метр фосила аз он, тахти чӯбии часпнок бо тӯли тақрибан ду метр қарор дорад, ки онҷо нону об мехӯрем. Албатта касе ба хӯрокамон, ки маъмулан аз берун меояд, кор надорад, аммо бо дастури онҳо мехобему мехезем. Гоҳе гурусна ба хоб меравем ва гурусна бедор мешавем. Ғизои инҷоро саг намехӯрад. Аммо мо маҷбурем. Ин хӯрокҳо бо чӣ ният ва барои чӣ касе пухта мешаванд, намедонам. Яке аз бачаҳо қошуқи ғазоро мехост ба даҳон бибарад, ки чанд пашшаи сиёҳ дохили он буд ва рӯзе худам ҳам даруни зарфи ғизо суски мурда пайдо кардам. Гоҳе ҳам шабҳо аслан рӯз намешаванд. Эҳтимол ба хотири гуруснагӣ аст. Намедонам. Ин ҷо дастрасӣ ба ҳеҷ гуна тамоси телефонӣ надорем. Чӣ қадр муштоқи шунидани садои гарми модарам шудаам, ки мегуфт: "дар пеши поҳот сарама мунам бачам". Ҳоло дар куҷо бошад ва оё ҳанӯз ҳам барои арӯси ояндаам либос медӯзад? Чӣ хобҳое бароям дидааст дар ин муддат? Ҳанӯз ҳам наҷвокунон сари танур бароям нон мепазад? Хабари асорати маро кӣ ба гӯшаш гуфта бошад? Ва чӣ нолаҳое карда бошад ... Сода аст, вале меҳрубон. Яъне ман дубора метавонам гӯшаи рӯсариашро бибӯям ва дар оғӯшаш атри Худоро истишмом кунам? Падарам чӣ ҳол дошта бошад? То ҳоло дар ин муддат ӯро дидӣ? Медонам дурии ман ришашро сафед кардааст ва ба хотири озодии ман даре намонда, ки нарафта бошад, вале медонам ҳама дарҳо ба рӯяш бастаанд. Падар аст дигар ва бароям месӯзад. Хоҳарам- Нилуфар чӣ ҳол дошта бошад? ... Ҳуҷра бӯи ҷӯроби гандида медиҳад. Инҷо ҳама навъ ҷонвар аз дохили туалет берун меояд. Борҳо сускҳоро дидаам, ки баҳамчаспидаанд ва болҳояшон бо мадфуъи инсон ҳамроҳ аст. Шабҳо ин ҷонварон бар сарамон ҳамонанди лашкари муғул ҳамла мекунанд ва дохили гӯшу бинӣ мераванд. Дишаб аз гӯши яке аз ҳамҳуҷраҳоям занбури дуруштеро бо ҳазор мушкил берун овардем. Гоҳе аз ҳамин махруба яке аз моро садо мекунанд ва берун мебаранд. Баъд аз чанд дақиқа садои фарёди устухонсӯзашро мешунавем. Аммо намедонам бо онҳо чӣ мекунанд. Вақте ки меоянд гап намезананд, вале сураташон ҳам кабуд нест, фақат шикамашонро бо дастҳояшон нигаҳ медоранд ва мисли саге, ки дастонаш зери чархи мошин ҷо мондааст, нола мекунанд. Якеро дирӯз он қадар лату кӯб карданд, ки то субҳ дастонаш миёни ҳарду по менолид. Ин нолаҳоро ҳар рӯз мешунавам ва ман ҳам баробарашон фарёд сар медиҳам. Инҷо намешавад аз худат дифоъ кунӣ, чун ҳамеша василаи ҷолибе барои масхара шудан ва хандаҳои кареҳадори ин мардоне, ки намедонам аз куҷо омадаанд ва корашон чист, қарор мегирӣ. Ростӣ, он берун ҳаво чи тур аст? Худат чӣ ҳолу аҳвол дорӣ? Ҳанӯз ҳам серкорӣ? Лутфан бароям аз ҳаво бинавис. Ба андозаи кофӣ аз ҳавои тоза нафас мекашӣ? Инҷо дар бисту чаҳор соат танҳо ним соат ҳаққи нафас кашидан дар ҳавои тозаро дорем. Шояд фикр кардаӣ, ки берунамон мебаранд! На, ин тур нест! Ба ҳуҷрае мебаранд, ки ду баробари ин тангно аст. Ва баракси ҷойи мо сандалие дар миёнаш ҳам дорад, ки ба навбат рӯяш менишинем ва ба осмон нигоҳ мекунем. Осмонро аз пушти милаҳо мебинем. Чун сақфамон ҳам маҳдуд аст. Гоҳе болои сарамон парандаҳоеро мебинем ва садои бол заданашонро мешунавем, бидуни онки маҳкум ба дому сайде бошанд, озодона бол мезананд. Берун зиндагӣ ҷараён дорад, аммо инҷо... Дар ин муҳаввата ҳам таҳти назорат ҳастем. Ба сахтӣ нафас мекашем. Нигаҳбонон мисли чӯпонҳое, ки гӯсфандонашонро ба майдоне, ки пур аз гург аст ба чаро бурдаанд, чашм аз мо барнамедоранд. Ин ҷо ҳама тобеъи муқаррарот ҳастанд. Касе иҷозаи чанд сония ба нигаҳбонон хира шудан надорад. Яъне зиёд наметавонам дар мавриди чеҳраашон бароят бинависам. Албатта гоҳе аз пушти ҳамин тирезаи кучак ба берун нигоҳ мекунам ва шаклашонро мебинам. Гоҳе ба худам мегӯям инҳо фарзанди инсон нестанд ва агар ман ҷои онҳо будам бовар кун бо ҳамнавъам ин тур рафтор намекардам. Медонӣ, ин ҷо ҳатто баъзеҳо ҳастанд, ки иддаои маъсумият мекунанд. Албатта на ба маъмурини зиндон, балки ба худашон. Гӯшае аз ин тангно бо худашон хилват мекунанд ва гап мезананд. Гоҳе ҳам бидуни онки худашон мутаваҷҷеҳ бишаванд, ашк сураташонро мешӯяд. Мисли дирӯз, яке аз бачаҳо, ки таваллуди 6-солагии духтараш буд. Барои ӯ аз фарсангҳо фосила лолоӣ мехонд ва ашк мерехт ва мегуфт, ки духтарам бо лолоиҳои ман одат дорад ва агар шаб барояш лолоӣ нагӯям, намехобад. Ин марди лоғарандом шабҳо куртаи духтарашро рӯяш паҳн мекунад, ки бӯи ӯро медиҳад ва субҳ мебинам, ки он аз ашк тар шудааст. Рӯи девор ҳар рӯз наққошӣ мекунад ва ман намедонам акси киро мекашад. Фақат тасвири дасте бо ангуштони лоғарро ташхис медиҳам. Ду рӯз қабл ба ҷавоне, ки гуфта буд муаллим аст, хабар расонданд, ки модараш даргузаштааст. Ин писар танҳо фарзанди хонадон буда ва шаб ҳама медидем, ки бидуни онки худаш пай барад, мехезад ва гӯӣ аз пояи чизе мегирифт ва "вой модарам" мегуфт. Субҳ касе ба рӯяш наовард, вале худаш таъриф кард, ки дишаб дар ташйеъи модарам будам ва пояи тобуташро мегирифтам. Настаран, илоҳӣ бачаи душман ба ин рӯз науфтад. Мисли девонаҳо шудааст ин муаллим. Рӯяш ба тарафи девор ҳар шаб бо модараш ҳарф мезанад ва мегӯяд, ки агар аз зиндон берун биёям, санги қабратро бармедорам ва даруни гӯр танҳоят намегузорам ... Настаран, аз пеши чашмам лаҳзае дур нестӣ ва агар фаромӯшат кунам месӯзаму хокистар мешавам. Азизонам як тараф, ва ту тарафи дигар. Шояд умеди дидани ҳамаи шумо ва гармии меҳратон аст, ки зинда мондаам, вагарна инҷо ҳар рӯз ҳазор бор мурдан дорад. Росташ, агар меҳри ту набуд то ҳоло худкушӣ карда будам. Ёдат ҳаст, дар идораи рӯзнома ҷаласа доштем ва нигоҳи ҳардуямон ба ҳам печида буд? Аз ин ҷо раҳо шавам дигар танҳоят намегузорам ва талош мекунам бо баҳона ё бебаҳона ҳар соат бубинамат. То аз ҳамқаламӣ, ба ҳамдилӣ бирасем. Ҳоло ба ҳарфи падарам имон овардам, ки мегуфт: "роҳи қалам осон нест ва ин гуна нишебу фарозҳо ва печутобҳое дорад". Аз падар ёд кардаму як чи ба зеҳнам хутур кард: боре рӯи айвон "Лайлӣ ва Маҷнун" мехонд, намедонам моли кӣ буд. Зеҳн мондам абётеро бо сӯзи бештар мехонд, ки дар бораи ҳиҷрону ҷудоӣ буданд. Аслан даркашон намекардам. Вақте китобро пӯшид, ашкҳояшро пок карду дар посухи нигоҳи суоломезам гуфт: Маҷнун дар интизори Лайлӣ он қадар дар биёбон мунтазир монд, ки парандаҳо рӯи сараш тухм гузоштанд ва тухмҳо табдил ба чӯҷа шуданд... Биё нагӯям, инҳо ба синну соли ту мувофиқ не, баъдҳо мефаҳмонамат. Он замон ба худам гуфтам: яъне чи ки инсон барои нафари дигаре ин қадар сӯзад? Шояд ба хотири он шакк, Худо маро ба имтиҳон гирифт? Ба ҳар ҳол ман ҳарфи Фурӯғро тағйир медиҳам ва ин тур мегӯям, ки агар ба дидани ман омадӣ ва рухсати вуруд бароят бидиҳанд, бароям, эй меҳрубон, як дарича биовар, то аз тариқи он сарамро берун бибарам ва серӣ ҳавои тоза истишмом кунам ва бинам, ки мардум чӣ тур дар озодӣ қадам бармедоранд ва нафас мекашанд. Намедонам дидор чӣ замоне фаро мерасад ва ё аслан ... Номаро дар коғази ширинӣ навиштам, маро бубахш, чун ба чизи дигар дастрасӣ надорам. Оҳ, агар утоқам гул медошт, номаро дар барги гул менавиштам ва гӯшае ҳак мекардам: барги гул ба гули ҳамешабаҳор. Бизоатам ҳамин аст. Ҳоло чӣ бинависам? Маҷнунвор дӯстат дорам!.. Суҳроби ту #Фирдавси_Аъзам 29.01.2022







Comments