top of page
Search

ШОҲИДА

  • Writer: Firdavs Azam
    Firdavs Azam
  • Dec 24, 2022
  • 5 min read

Updated: Dec 29, 2022



Осмони шаҳр чеҳраи гирифтае дорад. Абрҳои хокистарияш чунон истодаанд, ки ҳис мешавад ҳамин ҳоло ба бориш оғоз мекунанд. 

Он сӯтар кӯдаке бо гардани каҷ гӯшаи либоси мардеро гирифта, чизе ме

пурсад. Мард беэътино роҳашро идома медиҳад. Гурбаи хокистарии лоғарандоме думашро боло карда, бо гузаштан аз миёни роҳрав, ором аз танаи дарахти бебарг боло меравад. Мардоне сарҳо гарон дар зери бори пашму риш, силоҳдор, дар чаҳор гӯша мисли дарахтҳои хушк истодаанд.  Диранг мекунам. Чанд нафар ба марди силоҳбадасти даромадгоҳе, ки ночорам аз он ворид шавам, наздик шудаву чизе мепурсанд. Болои даромадгоҳ ду калима навишта шудааст. "Хуш омадед". Ба худ мегӯям: ё ҳамин замон ё ҳич гоҳ.  Гарданбанди калони дастбофамро даври сар то қисмати болои манаҳам ҷафстар мепечам. Ба гунае, ки тори сари бемӯям дида нашавад. Ҳамчунон ки дуздакӣ ба атроф менигарам, дил ба дарё зада, бо сари хам худро ба анбуҳи мардум ҳамроҳ мекунам. Инак вориди муҳавватае шудаам, ки дар гӯшаи росташ сутуни оҳании борике дида мешавад, ки бар фарозаш порчаи калони сафеде овехтаанд. Аз куҷое пешорӯям саге гаргину мӯрехта ҳозир мешаваду шалвори кушодамро бӯкунон рад мешавад. Он қадр ин саг лоғар аст, ки ҳис мекунам тавони гоз гирифтанро ҳам аз фарти гуруснагӣ надорад.  Аз канори кӯлмак мегузарам. Пеши рӯ, се духтарбача пушти тӯби рангӣ медаванд. Ва чанде дигар рӯи нимкати назди сохтмоне, ки шишаҳои тирезаҳояш шикастаанду гӯшае аз деворҳояш уфтодааст, зоҳиран ҳамроҳи падару модарашон, нишастаанд. Сарашон ба тарафест, ки паҳлӯи гузаргоҳи камбар, рӯи дарахтҳои луч чанд зоғи сиёҳ қор-қор мекунанд. Пушти сари онҳо бодпечҳои (тоб-василаи бозӣ) холӣ дида мешавад. Хаймаҳои ранграфта мисли занбӯруғ ҳар ҷо рӯидаанд. Ба хаймаи хокистарии монанд ба ранги осмони болои сарам мерасам. Духтарбачае дар ҳоли молидани бозувонаш ба ҳаракати рафту омади роҳгузарон хира шудааст. Рост пешаш меравам. Дар чашмҳои бодомияш навъе маъсумияту дармондагӣ хонда мешавад. Сураташ рангпарида. Гӯшаи лабаш захме хушкида дорад. Қисмати поёнии попӯшиҳои фарсудааш лойолуд. Рӯи кундаи доирашакли намнок, канори чодар рӯбарӯяш менишинам. Дуруд мегӯяму номашро мепурсам. Мӯйҳои жӯлидаашро аз рухсори худ канор мезанад. Бо дудилӣ мегӯяд: Шоҳида.  Хушҳол мешавам, ки забонамро мефаҳмад. Худамро ба ӯ шинос мекунам. Шириние, ки дар ҷайбам овардаам, берун оварда медиҳамаш. Мегӯям, овозатро мехоҳам забт кунам. Ризомандона сар меҷунбонад.  Ба чаҳор гӯша сарамро мисли дурбинҳои мадорбаста мечархонаму аз борхалтаи зери ҷомаам дастгоҳи забтро берун мекашам... – Аз сари кор берунаш андохтанд. Дастмузди чандмоҳаашро ҳам надоданд. Омӯзгор буд. Гуфтанд бояд дар хона монад, танҳо ноноварамон. Инҳоро бо гӯшҳои худам замоне, ки ба зани ҳамсоя дарди дил мекард, шунидам. Аммо мондан кам набуд. Аз деҳамон ҳам рафтем. Модарам намехост, мо ҳам намехостем. Ҳеч кас намехост. Одамҳое, ки сару рӯяшонро мӯйҳои дарози сиёҳ пӯшидаву либосҳои ғиҷиму кашол доштанд, бо оҳанпораҳое дар даст омадаву гуфтанд, ки аз деҳамон равем. Он рӯз модарам нон мепӯхт, пушти дасташ сӯхт. Мо... –Чанд вақт боз инҷо ҳастӣ, духтарам? Бо гӯшаи куртаи хокистарияш нӯги пояшро мепӯшонад ва бо пушти дасташ биниашро молида, чашмҳояшро то нисф мебандад. Сипас мисли бузургсолон нафасе сард мекашад: – Намедонам. Ғоте, ки инҷо омадем, ҳаво гарм буд. Арақ мекардем. Ҳоло арақ намекунем. Аммо пойҳои ману хоҳарчаам дард мекунанд. Охир пои пиёда омадем. Фақат мо, не. Унҷоро бинед, ҳамсояҳоямон ҳам ҳастанд. Баъзеҳо бо гову колаашон омадаанд. Мо, на.  Ман... – Падарат куҷост азизам? Ба баччаҳои назди чархофалаки каме дуртар аз чодар нигоҳ мекунад. Дастҳояшро то аъмоқи бағалаш фурӯ мебарад. Боз нигоҳе ба атроф мекунаму ин бор гарданпечро аз гарданам гирифта, рӯи китфҳояш мемонам. Гӯшаи онро то рӯи гунаҳои гуландохтааш мекашад. Лабҳои хушку рангпаридааш дубора ба оромӣ меҷунбанд:  –Намедонам. Падарамро ба ёд надорам. Модарам мегӯяд шаҳид шудааст. Маънои инро ҳам намефаҳмам. Шумо медонед? – Шаҳид....яъне... ба пеши... Худо рафтааст... – Куҷо? Боз меояд? –... –Пас шумо ҳам намедонед. Модарам ҳам намедонад. Ҳафтаи гузашта хабар ёфтам, ки мактаб сар шудааст. Ману хоҳарчаам нарафтем. Модарам намонд. Чун либосҳоямон дарбеҳдору лухсидаанду кафшҳоямон дарида. Хоҳарчаам имсол нахустин бор мебоист мактаб биравад. Завқ дошт. Порсол, ки синфи аввал будам, либосу попӯшӣ доштем. Ман нағзхони синф будам. Модарам он вақт кор мекард. Нон доштем. Як ҷуфт гӯшвораи нуқраӣ ҳам доштам. Пойафзолҳоямон сурох набуданд. Хонаамон гарм буд. Дар роҳи ба инҷо омадан, як гӯшвора ва китоби афсонаҳоямро гум кардам. Охир роҳ пур аз одам буд. Агар дасти модарамро намегирифтем, мумкин, мо ҳам гум мешудем. Модарам ҳанӯз хабар надорад. Агар фаҳмад ҳам, арбада намекунад. Чунки худаш ҳам чизҳои зиёдеро наовард. Гусола, барраи сиёҳи шикамкалон, гулҳо, расми падарам, боз хеле чизҳоямон онҷо монданд. Арӯсакҳои ману хоҳарам ҳам. Як паранда доштем, ки модарам пеш аз кӯч, дари қафасашро боз гузошт. Ҳоло кӣ барраи сиёҳамро нигоҳубин мекунад? Агар баччааш ба дунё биёяд, чӣ мешавад? Гулҳо хушк намешаванд? Модарам мегӯяд инҷо мактаб надорад. Рост аст? – ..... –Медонед, ҳамин ки осмон торик шавад, модарам мехобонадамон. Бо ҳамин пӯшокҳои танамон. Хоҳарчаам бештари шабҳо мегиряд. Шикамаш айнан шиками ман овози қур-қур мебарорад. Вале ман гиря намекунам. Гоҳе ба хоҳарчаам мегӯям дар шикамамон қурбоққа дорем. Ӯ механдад... –Модарат инҷо кор мекунад, Шоҳида? –Ҳо. Вале ҳоло нест. Рафт чанд хайма пойинтар. Пеши ҳамсоямон. Охир шиками зани ҳамсоя ҳам монанди шиками барраи сиёҳамон калон шудааст. Кори модарам шустани либосҳои ҳамсолонам аст. Баъзе шабҳо дастҳояшро худам мемолам. Ангуштҳояш кабуд шудаанд. Ба хотири кораш, бароямон нону об медиҳанд. Гоҳе баъзе одамҳои дигар ҳам бароямон чизе меоранд. Хӯрданӣ. Монанди ҳамин ширинии Шумо. Аммо ҳоло се рӯз аст, ки касе пӯшок наовардаст. Як бор модарамро гуфтам дуо мекунам бачаҳо ҳар рӯз либосашонро чиркину лойолуд кунанд, ки ту бекор намонӣ. Ҷангам кард. Аммо аз ҳама бадтар ... Духтарак гӯё албастӣ дида бошад, ранги сураташ мисли гаҷ шуда, аз ҳарф задан монду ба пушти сарам хира шуд. Чашмҳояш калон шудаанд. Ба дунболи чашмҳои нигарони ӯ сарамро ба қафо баргардонидам. Се марди ришдори силоҳбадаст ба тарафамон меоянд. Наздик мешаванд. Дар дасти якеашон калтак ҳам аст. Мешиносамашон. Ҳамон одамони рӯзи аввал. Яъне сари бемӯям кор дастам дод? Шинохтандам? Ҳамонҳое, ки рӯзи аввал бо вуҷуди он ки худамро муаррифӣ кардаму номаи расмиеро, ки дар он маъмуриятам навишта буд, нишонашон дода будам, иҷозаам надода буданд. Коғазро аз дастам гирифта буданд. Фурсат намекунам дастгоҳи забтро руст кунам. Мегирандаш. Яке аз онҳо, ки либоси ранграфтааш пур аз лаккаҳои сиёҳу зард аст ва гӯшаҳои қисмати поёнии пӯшиданияш лойолуд, дастгоҳро ба замин мезанад ва бо пушти аслиҳааш муҳкам ба он мекӯбад. Мағзи сарам сих мезанад. Чашмҳои дурушту берунзадааш барқ мезананд. Ҷои ду дандони уфтодаи ҷилави даҳонаш, ки ӯро тарснок ҷилва медиҳанд, аз миёни ришҳои сиёҳу номураттабаш дида мешавад. Пораҳои дастгоҳ ба ҳар сӯ пахш мешаванд. Чизе ба ман мегӯянд. Намефаҳмам. Маро бо худ мебаранд.  Осмон ҳанӯз хокистарӣ аст. Пушти сар, ба духтарак нигоҳ мекунам. Чеҳраи андуҳборашро ба сӯям дӯхта. Китфҳояш меҷунбанд. Шояд осмон ба ҳурмати ин шонаҳои ларзон намеборад. Эҳсос мекунам танобе даври гарданам печидаанд, ки роҳи нафас кашиданамро тангтар кардааст. Маро ба куҷо мебаранд? Магар қарор набуд садои ин духтаракро ба гӯши ҷаҳониён бирасонам? Чи иттифоқоте дар ин дунёи буқаламун меуфтад...

Фирдавси Аъзам 27.03.2022

 
 
 

Recent Posts

See All

Comments


Post: Blog2_Post
  • Instagram
  • Twitter

©2022 by БОДКУНАК.

bottom of page